Субҳи имрӯз роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҷавонони фаъоли ташкилоти ибтидоии коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд дар хиёбону кучаҳои шаҳри Хуҷанд аксия таҳти унвони “Садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан ”  доир намуданд.

Зимни баргузории аксия ба аҳли ҷомеа варақаҳо тақсим карда шуда, аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат сухан гуфта шуд.

Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президент ин нишонаи ихлос ва иродатмандии сокинони ваҳдатшиори кишвар ба кору пайкрори мондагори Сарвари давлат аст.