Мадина Салимова, номзад ба вакилии Маҷлиси шаҳрии Маҷлиси вакилони халқ аз ҳавзаи «Чорчироғ» №10 бо мақсади шиносоӣ аз рӯзгори сокинон як чанд оилаҳои камбизоат ва шахсони имконияташон маҳдуди ҳудуди маҳаллаи «Чорчироғ»- ро аёдат намуд.

Зимни гуфтугузор зикр шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавъаманд бо Барномаҳои дарозмӯҳлат ва миёнамуҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳадафи давлат ва ин нииҳоди пурқудрат  таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст. Ҳамчунин қайд шуд, ки дастгирии пирони барҷомонда, ятимону шахсони имконияташон маҳдуд пайваста дар мадди назари Роҳбарияти давлат ва ҲХДТ қарор дорад.

Дар навбати худ сокинон аз иқдомҳои инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат изхори қаноатмандӣ намуда, шукронаи тинҷиву оромӣ намуданд