Субҳи 11 феврали соли равон дар мактаб – интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд мулоқоти номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Сӯҳроб Самадов, худпешбарон Мубина Хоҷаева ва Шуҳрат Файзуллоев бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи «Пахтакор» №5  доир гардид.

Чорабиниро Орифҷон Умаров, ҷонишини раиси ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд» №13  ҳусни ифтитоҳ бахшид. Шахсони боэътимоди номзадон аз зиндагинома ва фаъолиятии кории онҳо назди интихобкунандагон ҳарф заданд.

Аз ҷумла дар баромади Мукаррама Бузурукова, шахси боэътимоди Гулбаҳор Назирӣ зикр шуд, ки номзади пешбарикардаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо дарки масъулият дар такя ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барномаи худро таҳия намуда, таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг ва иттилоот, такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқи аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш ва сиёсати хориҷиро нуктаҳои меҳварии барномаи худ медонад.

Номзадон низ дар баромадҳои хеш аз нақшаву ниятҳои созандаи худ назди интихобкунандагон сухан карданд.

Раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни баромади хеш зикр дошт, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон Барномаи пешазинтихоботии худро таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» таҳия намуда, самтҳои минбаъдаи фаъолиятро муайяну мушаххас намудааст. Чуноне, ки дар боло ишора рафт, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

Дар фарҷом аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки санаи 1 – март ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.