Дар остонаи баргузории интихобот ва омад - омади фасли зебои баҳор номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо роҳбаладии пирони маҳаллаи “Чашма” аёдати шахсони барҷомонда, кӯдакони имконияташон маҳдудро ба ҷо овард. Зимни сӯҳбати самимӣ аёдатшавандагон бо изҳори шодмонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукрона намуда, баён доштанд, ки маҳз хислати одамигарӣ ва инсонсолории Пешвои муаззами миллат аст, ки имрӯз шахсиятҳои яккаву танҳо ва бемор аз назари аҳли ҷомеа дур намемонанд.

Дар навбати худ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ аз Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти шиори Барои пешрафт ва зиндагии шоиста“ вориди интихобот шудааст ёдовар шуда, баён дошт, ки минбаъд низ пайваста аз аҳволи чунин табақаҳои ҷомеа хабардор шуда меистад.