Пешорӯйи маъракаи интихобот дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот» номзадҳои пешбаришаванда аз ҳизбҳои сиёсӣ Барномаи  пешазинтихоботии ҳизб ва худро назди интихобкунандагон  муаррифӣ мекунанд.

Бо иштироки аъзоёни комиссияи ҳавзаи интихоботии шаҳр, интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи 1 Май, №21, ки ба он сокинони маҳаллаи «Сари баланд» шомиланд, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир гардид.

Раиси комиссяи ҳавзаи интихоботии шаҳри Хуҷанд Хайрулло Нурматов чорабиниро оғоз бахшид.

Шахсони боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилон халқ аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №6 Хол Ҳайдар ва номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботи 1- май Ҷумъабой Каримов ҳозиринро бо Барномаи пешазинтихоботии номзадон шинос намуданд.

Гуфта шуд, ки ҷавҳари Барномаҳои пешазинтихоботии номзадон фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум аст. Ҳамчунин беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, назари хосса ба рушди маҳаллаҳо, истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  мадди назари барномаҳои таҳияшуда қарор доранд.

Дар фуроварди чорабинӣ интихобкунандагон ба саволу дархостҳои худ вобаста ба асфалтпӯш намудани кӯчаҳои маҳалла, дастгирии ниёзмандон посухҳои мушаххас гирифтанд.