Бо мақсади тарбияи ифтихори ватандориву ватанпарастии ҷавонон ва саҳмгузоштан дар ободии кишвар тибқи нақша-чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»- Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 20-уми феврал бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд шанбегӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ зиёда аз 800 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, ҷӯйборҳо ва гирду атрофии боғро аз партовҳо тоза карданд. Инчунин, наздик 100 адад ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд.