Имрӯз ба муносибати иди касбии табибон дар толори беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ маҷлиси тантанавии кормандони беморхона бо иштироки ҳамаи табибон ва ҳамширагони шафқат баргузор гардид. Дар ҷаласаи идона мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова ширкат варзида, табрикоти Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар-ро самъи ҳозирин расонд. Аз ҷумла қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар тамоми муассисаҳои тиббӣ, Марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳо имкониятҳои мувофиқ мавҷуд буда, табибони сатҳи баланди касбӣ бо воситаҳои техникии тиббии муосир барои сиҳатии мардум фаъолият мебаранд. Ҳамзамон табибони ҳозиқ барои идомаи анъанаҳои неки устодони худ кушиш намуда, усулҳои наву муосири муолиҷаро ҷорӣ менамоянд. Дар охир ба аъзоёни фаъоли ҲХДТ, ки дар беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд фаъолият мебаранд Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.