Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки санаи 23 ноябр  дар кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр, кӯчаи А.Султонов назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Хуҷанд  иди кӯча баргузор намояд. Ба ин хотир субҳи имрӯз дар кумиҷроияи шаҳрӣ бо иштироки фаъолони ҳизб, роҳбарони маҳалла, мактаб, кормандони шуъбаи фарҳанг ва дигар мақомотҳо маҷлиси тадорукотӣ баргузор гардид.

Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар роҳандозии чорабинии мазкурро барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, эҳтиром ба парчами миллӣ нек арзёбӣ намуд. Дар назар аст, ки дар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ озмунҳои гуногун аз қабили кӯчаи беҳтарин, кадбонӯи беҳтарин, хушдомани беҳтарин ва мусобиқаи шоҳмот баргузор мегардад. Раиси кумиҷроия барои хушу хотирмон гузаронидани маъракаи сиёсӣ ба аҳли нишаст дастурҳо дод.