Санаи 16 –уми ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи тантанавӣ доир гардид.

Чорабинро Сартабиби беморхона Фирӯз Комилов ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти Иҷлосияи тақдирсоз маърӯза намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ин иҷлосия дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши валидӣ бозид ва маҳз дар рафти иҷлосияи мазкур ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии абармарди сиёсат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомўш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимиятро барқарор созад. Аз ин лиҳоз ҳар як шарҳванди бо нангу номуси ин Ватанро мебояд ба қадри ин кишвари ободу озод расида, ҳар як ваҷаби хоки муқаддаси онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд.

Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ филнома доир ба талошу ҷоннисориҳои Пешвои маҳбубу муаззами миллат дар роҳи расидан ба сулҳи тоҷикон намоиш дода шуд