Санаи 9-уми сентябри соли равон, дар рӯзи таҷлили 28-умин солгарди Истиылолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли ҷомеа шоҳиди боз як рӯйдоди таърихӣ шуданд. Бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи дуюми Нерӯгоҳи барыи обии «Роғун» ба кор даромад. Чархаи нахустини ин иншооти стратегии асрро Пешвои муаззами миллат 16-уми ноябри соли гузашта, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ ыарор дода  буданд. Ёдовар мешавем, ки ҲХДТ аз оғози сар шудани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи мазкур худро сарпарасти маънавии он эълон намудааст.

Аз ин рӯйдоди фараҳбахш наздик ба як ҳафта гузашта бошад ҳам, ҳанӯз аҳли ҷомеаро рӯҳияи баланди идона тарк нагуфтааст. Бо ибораи дигар, ид гузашт, вале тантанаҳои идона боз идома меёбанд. Аз ҷумла, ҳамин гуна як чорабинии фарҳангӣ – маърифатӣ бо мусоидати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар кӯдакистони «Афсона» доир гардид. Дар рафти он тарбиятгарон таҳти роҳнамоии мураббиёни муассиса бо лаҳни ширину гуворо, ыироати шеъру хондани суруд, раысҳои мавзуну бозиҳои шавыовар, саволу ҷавоб ва намоиши саҳначаҳо аз хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, моҳияти истиылолияту озодӣ, дастовардҳои сокинони мамлакат дар замони соҳибистиылолӣ, яке аз ҳадафҳои миллӣ будани таъмин намудани истиылолияти энергетикӣ, саҳми НБО «Роғун» дар самти расидан ба ин ҳадаф ва ояндаи дурахшони соҳаи энергетикаро бозгӯ намуданд.

Намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб – мудири шуъбаи кор бо занон Заррина Манонова ва мудири шуъбаи ташкилӣ Эҳсонҷон Исоев дар чорабинии бошукӯҳ ширкат варзида, аз номи кумиҷроия ба маъмурияти муассиса ва ташкилкунандагони тантана миннатдорӣ баён намуданд.  Ба ҳайси намоянда аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар чорабинии мазкур Муҳаббат Нозимова иштирок ва суханронӣ кард.