Ба ифтихори ҷашни баҳори зебоӣ – Рӯзи модар тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳаммад Осимӣ» бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.

Темирова Хайринисо Исломовна муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳаммад Осимӣ» чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки зан таровату баҳори ҳаёт аст. Бо шарофат ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва нақши занон дар ҷомеаи мо дар мақоми баланду муқаддас аст ва ин манзалат сол аз сол волоияти хешро собит менамояд.    

Бонувони фаъоли ҳизбӣ Мавҷуда Мирпочоева ва дигарон аз номи бонувон ба созмондиҳандагони ин чорабинии идона изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки минбаъд низ занон дар ҳама самт такягоҳи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мегарданд.