Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва тадбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою. ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дарбар мегирад.

Дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 25 октябри соли 2016 таҳти рақами 31 дар бораи гузаронидани аксияи вилоятии «Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаьрвандии мост» ва тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар маҷлисгоҳи бинои таълимии № 2 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар он пеш аз ҳама муовини ректор оид ба корҳои тарбия, н.и.ф. дотсент Мубинахон Хоҷаева, мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мақсудҷон Абдуғафуров ширкат варзида суханронӣ намуданд.

Дар аввал муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултаи ҳуқуқшиносӣ, сармуаллим Суйдуллоев А.А. дар мавзӯи «Тавзеҳоти мухтасар дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» маърӯза кард.

Баъдан донишҷӯён Ҳомидова Ш., Рофиев М ва Мағзумова Н. дар бораи муқовимат бар зидди коррупсия маърӯза карданд.

Дар охир миёни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид.