Санаи 23 - ноябри соли равон ҳамоиши Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” – и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН  БА  ПЕШ!” дар асоси нақша – чорабинии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии таъсиёбии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар назди  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов, наврасону ҷавонон, ғолибони озмунҳои фаннӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, шаҳрӣ ва варзишгарону соҳибкорони ҷавон, хизматчиёни давлатӣ, ҷавонони хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намуда ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Сазандагони Ватан” – и кумиҷроияи шаҳрӣ ширкат доштанд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши дастранҷи ҳунармандони мактаби санъат, дастоварду ихтирооти наврасону ҷавонон ва ҷоизаҳои варзишгарон дидан намуда, баҳои баланд доданд ва  барои рушд маслиҳатҳои муфид пешнидод карданд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон оғоз гардид.

Чорабиниро раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  ифтитоҳ намуда, оиди дастовардҳои муҳими ҷавонон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон баромад карда, ҳамаи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро бо 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, чунин иброз дошт:

Ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонон “Созандагони Ватан” дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати соҳибистиқлоламон Тоҷикистон ва баланд бардоштани  Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд. Зеро Шумо борҳо собит намудаед, ки дар ҳақиқат пайравони асили Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳастед ва дар иҷрои ҳама кору масъулият, нобоваста аз душвориҳои шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири дигар омилҳои беруна, қодиру тавоноед.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир ба ғамхориҳаи Пешвои миллат  дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини  сулҳу суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуна ҳазбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ суханронӣ намуда,  ҷавононро барои пойдории сулҳу оромии кишвар ва хизмат ба он даъват кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода низ оид ба дастовардҳои солҳои истиқлолият, шароиту имкониятҳои мусоид барои наврасону ҷавонон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон баромад намуда, қайд  кард, ки бо боварӣ метавон гуфт, ки Шумо ҷавонон “Созандагони Ватан” аз ӯҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароед, арзишҳои миллиро ҳифз мекунед, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд  саъю талош мекунед.

Ҳамчунин аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и назди кумиҷроияи  шаҳрӣ дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат - раҳнамои мо ҷавонон”, “Хизмат ба Ватан шарафу ҷавонмардист”, “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро” маърӯза намуданд.                                                                                            Муроҷиатномаи  иштирокчиёни ҳамоиши ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикситон ба пеш!” бо роҳбарии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ба самъи ҳозирин расонида шуда, сипас аз тарафи иштирокичиён якдилона қабул карда шуд.

Баъдан маросими савгандёдкунии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки нав ба сафи аъзогӣ қабул шуданд шунида шуда, дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар шаҳодатномаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ба 10 нафар ҷавонони ба сафи ҳизб қабул гардида, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Дар охир барои болидахотирии иштирокчиён бахши фарҳангӣ намоиш дода шуда, ба чорабинӣ ҳусни хоса зам намуд.