Дируз дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 –солагии баровардани қушунҳои Шӯравӣ аз Афонғонистон, чорабини доир карда шуд.  Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  ширкат варзида, ҳамаи иштирокчиёни ҷанги Афғонистонро бо муносибати 30 –солагии баровардани қушунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон аз номи роҳбарияти кумиҷроия табрику муборакбод намуда, 6 нафар иштирокчиёнро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ сарфароз гардониданд.

Бояд ёдовар шуд, ки сафарбаркунии қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон 25-уми декабри соли 1979 оғоз ёфта, фарзандони мардуми Тоҷикистон низ дар ҳайати афсарони шӯравӣ таи 10 сол дар майдони ҷанг ҷонбозиҳо намуданд. Танҳо санаи 15-уми феврали соли 1989 афсарони шӯравӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуданд. Тӯли ин солҳо 87 нафар модарони вилоят аз фарзандашон ҷудо гашта, 115 нафар ҷавонписарон маъюб баргаштанд.

Дар тӯли ин набард дар кишвари Афғонистон аз вилояти Суғд зиёда аз се ҳазор нафар сафарбар шуда буданд.