Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи вилоятию шаҳрии ҳизб бахшида ба Рӯзи модар дар асоси иқдоми пешгирифтаи ҳизб таҳти унвони «Модар- ҳама гул, ҳама тарона» дар миқёси шаҳри Хуҷанд зиёда аз 1000 нафар модарону бонувонро ба муносибати идашон табрик намуда, ба онҳо гулҳои тару тоза ва фиттаҳои суруду таронаҳои санъаткорони варзидаро баҳри болидахотирии модарону бонувон тақдим намуд. Занону модарон оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллатанд. Зан-Модар сатҳи хираду маърифати миллату давлатро таҷассум менамояд. Таърихи башарияти ҷаҳон бо номи Зан Модар ҳамбастагии зич дорад. Тарбияи насли навраси имрӯза пойдевори ояндаи ҷамъияти мо мебошад. Ва имрӯз дар тарбияи насли наврас ҳиссаи модарон хело калон аст.

Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.

Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,

Дон, ки бе зан то абад гил бимонад пои мо!