Дар давраи пешазинтихоботӣ аъзоёни гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза ташвиқоти кӯча ба кӯча ва хона ба хонаро идома дода истодаанд.

Боиси қаноатмандист, ки дар рафти корҳои ташвиқотӣ маълум гардида истодааст, ки аҳолии шаҳри Хуҷанд хушбахтона фаъолияти хуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дарк намудаанд ва ҳамеша ҷонибдори ин ҳизби бонуфуз ҳастанд.

Ҳамзамон аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и шаҳри Хуҷанд дар миқёси шаҳр Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳои пешбаринамудаи ҳизб, расмҳои номзадҳо, варақаҳои тарғиботӣ, буклетҳо, календаҳо, насб ва ба аҳолӣ дастрас карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки шахсони бовариноки номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ ва аъзоёни ситоди пешазинтихоботии номзадҳо низ дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботии худ ҳамарӯза корҳои ташвиқотиро дуруст ба роҳ монда, пешниҳодҳои интихобкунандагонро гирифта истодаанд.