Тибқи ҷадвали тасдиқнамудани Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар чойхонаи кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ» бо сокинони маҳалла вохӯрӣ доир гардид, ки дар он раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, баромад намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, пешниҳод гардид.

Дар Паём Пешвои миллат оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ, махсусан дар соли 2016 ва дурнамои минбаъдаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овардани факту рақамҳои таҳлилӣ баён гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин якчанд сокинони маҳала баромад намуда фикру андешаҳои худро иброз доштанд.