Бо ибтикор ва ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷом ва мукофоти кумиҷроияи шаҳрӣ давоми моҳҳои май ва июни соли 2023 баргузор мегардад.
Ба ин муносибат имрӯз 17 майи соли 2023 қуръапартоӣ дар байни ташкилотҳои ибтидоӣ барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба футболи хурд баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 16 даста иштирок хоҳанд кард ва бозиҳо дар Варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегарданд.
Аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ҷуфтҳо муайян карда шуда, бозиҳо 20 майи соли 2023 оғоз мегарданд.