Дирӯз  дар толори маҷлисгоҳи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Бобоҷон  Ғафуров бо ҷалби ҷавонон ва ҷавондухтарони донишгоҳ маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» мизи мудаввар таҳти  унвони «Зан - модар аз нигоҳи Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова  ва мудири шуъбаи кор бо занон ва духтарони ДДХ Рустамова Заррина ширкат доштанд.

Маҳмудов Муталиб роҳбари маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» ба мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақш ва мақоми зан дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ ва маънавии кишвар сухан ронд. Пас аз ифтитоҳ сухан  ба мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дода шуд.

Дар идомаи суханронии худ мавсуф қайд кард, ки мақоми занон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баланд гардид. Занон баробари мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ шуда, дар ин самт ба муваффақиятҳо ноил гардиданд.