Моён, иштирокчиёни сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амали ваҳшиёна ва террористии гӯруҳи муташаккилонаи ҷинояткорро, ки ба марги 4 нафар сайёҳи хориҷӣ боис гашт, маҳкум намуда, аз рафтори ноҷавонмардонаи нохалафон хеле нороҳат ҳастем.

Касоне, ки ин корро кардаанд, воқеан душманони миллати тоҷик мебошанд ва кӯшиши бадномкунии Тоҷикистонро доранд.

Ҷинояткорон ба ҷазои сангтарин сазоворанд. Ҳамаҷониба ин амалҳоро маҳкум менамоем.

Ҳамаи моро лозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ҳар гуна ангезаҳои иғвоҷӯёна мубориза барем.

Имрӯз дар Тоҷикистони азизамон, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.

Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки чунин амалҳо минбаъд такрор наёбанд.