Субҳи имрӯз машварати назди раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоии назди кумиҷроия ширкат варзиданд.

Дар машварат ҳамаи кормандони кумиҷроия ва раисони кумитаҳои иҷроия оид ба иҷрои нақшаи кории ҳафтаина маълумот доданд.

Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов  ҷиҳати иҷрои саривақтии «Обуна-2017», баррасии масъалаҳои дохилиҳизбӣ, баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботии нӯҳмоҳа дар ташкилотҳои ибтидоӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои корӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.