Имрӯз дар арафаи Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо омӯзгорону мурабиён вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ раиси кумиҷроия ба ҳамаи тарбиятдиҳандагони мактаб –интернат барои хизматҳои шоёнашон дар ҷодаи тарбия намудани насли наврас ва дастгирии ятимону бепарасторон изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар асоси иқдоми пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест» ба мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷан зиёда аз 100 дона китобҳои бадеӣ, ки мӯҳтавои тарбиявӣ-ахлоқӣ дошта, метавонанд дар қалби наврасону ҷавонон ҳисси ватандӯстию худогоҳӣ, садоқат ба меҳан, ифтихор аз фарҳангу адабиёти пурғановати диёрро афзун гардонида, ба ташаккули насли сазовори ҷомеа мусоидат намоянд тақдим намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми мазкур дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.