Дар маҳаллаи “Тути калон” – и шаҳри Хуҷанд бо фаъолзанони кумитаи маҳалла оиди масъалаи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо” ва даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева иштирок ба баромад карда, бо занон перомуни мавзӯъҳои зикргардида суҳбати ошкоро баропо намуданд.
Занҳое, ки дар зиндагӣ таҷрибаи бисёрсола доранд, фикру андешаҳояшонро оиди масъалаҳои мазкур баён намуда, қайд карданд, ки имрӯз мо бояд ҷавононро барои пешрафти зиндагии шоиста ва нигаҳдории сулҳу амонии Ватани азизамон равона созем.