Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидод оварем. Ҳар як падару модар эътибори худро дар назди фарзанд бо тарбияи хуб афзун кунонида метавонад.

 Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуқтаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд. Фарзанд меваи умри инсон мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд. Дар қонуни мазкур масъулияти асосӣ ба зиммаи оила вогузошта шудааст. Дар ин вазъ волидайн дар сурате масъул шуда метавонад, ки худ дорои маърифату маданияти баланд бошанд ва роҳҳои тарбияро худ донанд. Агар фарзанд аз кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъда ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Ҷомеаи имрӯзаи мо ба фарзандони қобилу оқил ва ихтироъкор ниёз дорад. Ҳар падару модар вазифадоранд, ки барои фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам созанд, то дар оянда онҳо ҳамчун шахси баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба камол расанд. Вазифаи асосии волидайн, ки дар Қонуни зикргардида омадааст, соҳиби илму маърифат кардани фарзанд мебошад, яъне одоб, муошират, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносию бомаърифат тарбия кардану ба воя расонидан рисолати асосӣ ва муҳими онҳо мебошад. Ҳоло бисёр падару модарон ин вазифаро бар дӯши омӯзгорон мегузоранд, аммо хато мекунанд, зеро фарзанд азони онҳост. Баъзе падару модароне ҳастанд, ки худашон маърифати инсонӣ надоранд, муомилаи хубу дурустро намедонанд, пас чӣ хел фарзанди онҳо дар оянда бомаърифату бохирад ба камол расанд ? Онҳо дар оила дағалмуомила ҳастанд. Кӯдак дағаливу муносибатҳои бадро меомӯзад ва дар оянда мисли онҳо рафтор хоҳад кард. Барои ҳамин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” имконият фароҳам меоварад, ки насли солиму тарбиятдиҳанда ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор гарданд.

Гузаштагони мо оид ба мақоми  падару модар дар тарбияи фарзандон пандномаҳои зиёде навиштаанд ва бо ин роҳ онҳоро ба одаму одамгарӣ даъват кардаанд. Онҳо дар пандҳои худ тамаъкорӣ, ғараз, ҳарисӣ, баднафсӣ, ва ҳаромхӯриҳоро мазаммат карда, фарзандонашонро даъват мекарданд,ки аз ин хислатҳо парҳез намоянд. Ба ризқу рӯзии бо меҳнати ҳалол ва арақи ҷабин ба даст оварда қаноат кунанд. Аввалан, мо онҳоро бо пандҳое шиносонем, ки падару модари хешро эҳтиром намоянд ва он вақт ба қадри онҳову панди онҳо мерасанд. Имрӯзҳо аҳли ҷомеаро як чиз ба ҳайрат меоварад ва ин ҳам бошад, дуздиву одамкушӣ,порахӯрию кисабурии насли ҷавон аст. Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона имрӯз ташвишовар мебошад. Ба ҷинояткорӣ даст задан иддае аз онҳо, пеш аз ҳама натиҷаи беаҳмиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон аст. Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи кӯдак дар баробари ин ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар низ ба шумор меравад.

Воқеан ҳам,шахсияти муаллим, устод, омӯзгор дар тамоми давру замонҳо вирди забонҳо будаву соҳиби обрӯву эътибори баланд аст. Падару модаронро зарур аст, ки эҳтиром намудани устодро дар дили фарзандон бедор кунанд ва нисбати онҳо ғамхору дилсӯз бошанд.

Аз ин лиҳоз баҳри он кӯшем, ки фарзандонамонро дар омӯхтани илму дониш тарбият кунем, ҳаёт бо омӯхтан ташкил меёбаду инкишоф меёбад.

 

Зеварой Бобоева,

Аъзои фаъоли гуруҳи

 тарғиботӣ- ташвиқотии

 КИ ҲХДТ дар ш. Хуҷанд