Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Маркази дилшиносии вилояти Суғд соати сиёсӣ бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзид. Аз рӯи масъалаи мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳабибулло Муҳиддинов сухан ронда иброз дошт, ки 9 декабри соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро ба тавсиб расонд ва расман Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллати тоҷик эътироф гардид. Воқеан дар эҳёи дубораи кишвари азизи мо ва барқарории сулҳу суботи поёдор нақши Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ бисёр бузург аст. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Н.Маликисломов баромад намуда, зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир сиёсатмадороне ҳастанд, ки дар байни халқи худ бо хизматҳои шоистаашон сазовори эҳтиром гардиданд. Шӯҳрати беандозаи Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини роҳбариашон, ки “Ман ба халқам сулҳ меоварам ” гуфтанду ҷонашонро ба каф гирифта онро ба пуррагӣ иҷро карданд, пайдо гардида буд. Дар ҳақиқат Сарвари давлат нафақат дар пойдории сулҳу Ваҳдат, балки дар пешрафти ҳаматарафаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аз ҷумла соҳаи тиб мусоидат намуданд. Таҷҳизотҳои муосири тиббӣ , ки дар беморхонаҳои давлати мо вуҷуд доранд, имкон медиҳад, ки ташхисҳоро аниқ муайян намуда, муолиҷаи онҳоро дуруст ба роҳ монд. Акнун шаҳрвандони мо ба хориҷа нарафта дар худи Тоҷикистон ҷарроҳӣ шуда тез муолиҷа меёбанд. Мо бо роҳи нишондодаи Пешвои миллатамон қадам зада, ба комёбиҳо албатта ноил мешавем. Дар охир ба 30 нафар шахсоне, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.