Меҳрубон будан ва дасти мадад дароз намудан аз арзишҳои воло ва меъёрҳои муҳими ахлоқӣ ба шумор мераванд ва дар тӯли таърих ва рушди ҳаёти инсонӣ ин мафҳумҳо мунтазам мавриди ташвиқу тафсиф қарор мегиранд.

Хештаншиносӣ ва худогоҳӣ, ки аз меҳру шафоқат ба якдигар оғоз мегардад, чун василаи такомули инсонӣ ва расидан ба арҷи фардияту шахсият, ҳамчун нуктаи эътидоми  камолёбии инсон маҳсуб ёфта, ҷавҳари аслии Паёмҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад.

Бо назардошти ин Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо дар арафаи баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ба муносибати фарорасии Рӯзи Модар аёдати собиқадорони меҳнат, беморон, барҷомондагон, бепарастонро роҳандозӣ намуда истодааст.

Аз тарафи гурӯҳи ҷавондухтарону ҷавонписарон, ки аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ҲХДТ таъсис ёфтааст, Муътабар Ҷалилова истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Киров 24, ки зани яккаву танҳост аёдат карда шуда, хонаҳои ӯ рӯбучин ва тоза карда шуданд.