Дар ҳақиқат, кўҳҳои баландтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИДМ, ҷаҳон –Помир, Тянь-Шан, Ҳимолой дар Бадахшон-Вилояти Худмухтори Бадаҳшони Кўҳӣ ҷойгир шудааст. Имрўз давлати соҳибистиқлолияти Тоҷикистон, аз он ҷумла, мардуми тамаддунсози ВМБК аз ҷиҳати тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ васиёсию фарҳангӣ ба баланди ҳамин кўҳҳо баробар шуда истодааст. Хурсандавори мардуми азият кашидаи солҳои 90-уми асри ХХ ва шарафманди имрўзаи халқи тоҷик, минтақаҳои гуногуни кишварамон, аз он ҷумла Бадахшониён аз ин иборат, ки дар вазъияти орому осойиштагӣ зиндагони карда, барои пешрафти мамлакатамон бо фаъолияти ташаббускорую созандагӣ меҳнати пурсамар карда истодааст.

Дар вақтҳои охир дар саҳифа, шабака ва расонаҳои иҷтимоӣ аз тарафи баъзе душманони-террористон «Паймони милии Тоҷикистон», «Туркистон», «Ҳизби Наҳзати Ислом», ТЭТ ва дигарон машмашаҳои ноасос ва ақидаҳои ноўрин суханрони карда, гўёки, дар Бадахшон ҳуқуқи инсон вайрон карда истодааст, Ҳукумати ҶТ ҳаммаро террор карда истодааст гуфта ва дигар суханони тўҳматангизро пахн карда, оромию озодии кишвари халқи тоҷикро вайрон кардан мехоҳанд.

Аввалин бор дар солҳои охир ҷавонони Вилояти мухтори Бадаҳшони Кўҳӣ қаҳрамони нишон дода, нақшаи давлати сафарбаркунии ҷавонон ба хизмат дар Артиши миллӣ дар кишвар якумин шуда иҷро намуданд ва ин ба анъана даромад.Бо қавли пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонони тоҷик аст. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзи бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Дарҳақиқат, дар ин раванд ҷавонони Бадахшон пешраф аст. Имрўз фурсати он расидааст, мо ҳама- халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён якҷоя зери шиори «Ваҳдати миллӣ – асоси зиндагии шоиста» кору фаъолият намуда, ба амали созандагӣ машғул шавем.Пешвои муаззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба фаъолонивилояти ВМБК аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳоринигаронӣ намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираисилоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангииғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, чоннок намудани фаъолияти мақомотииҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супоришҳоиқатъӣдода будандва мардуми меҳнаттарини Бадахшон дархост ва супоришҳои Сарвари давлатропайдарпай иҷро карда истодааст. Ҳуқуқи инсон паймол нашудааст.

 

Дар ин минтақа як гурўҳ ҷавонони роҳ гумзада бо ёри хоҷагони хориҷӣ - бо корҳои чиркин - ҷинояткорӣ ҷиҳати вайронкуниини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, доштани силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буда, ба ороми кишвар таъсир расонидан мехоҳанд. Аммо онҳо ҳато мекунанд. Давлати Тоҷикистон пурқувват буда, ба афзудани ҷинояткорӣ роҳ намедиханд.

 

Бо як овоз талаб менамоям, ки террорист, душманони тоҷик, фаъоли сиёсӣ Сомонаҳои интернетии  («Ахбор.сом») ва nahzat.ru («наҳзат.ру»), «Паймони милии Тоҷикистон», «Туркистон», «Ҳизби Наҳзати Ислом», ТЭТ ва дигаронро аз созмонҳои байналмилали ҳифзи ҳуқуқ ва Ҳукуматҳои хориҷӣ қатъиян талаб менамоем, ки онро ба Ҳукутати ҶТ супоранд.

Имрўз муқаддастарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзӣ фарзандии ҳар як сокини кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дўст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояем. Мо ҳамчун фарзанди халқи тоҷик аз гузаштаи пурифтихору ибратомўзи миллати фарҳангиву сулҳдўст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободкору созанда, бунёдкори тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани аҷдодии худ, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати тоҷик, тамоми тоҷикистониён ҳамеша содиқона хизмат намоем. Бадахшон дарвозаи баланкўҳи Тоҷикистон буда, дар тарбияи ҷавонон аҳамияти калони таълимию таърихӣ доранд. Мардуми шарафманди Бадахшон ба тўҳмату дурўғгўйиҳои ТТЭ дар расонаҳои иҷтимои ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд.

Эркаев Сафар Абдулхайрович – аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва

археологияи факултети таърих ва

ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров