Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ҷараён дорад.

Дар доираи ин вохӯриҳо мулоқоти интихобкунандагон бо вакили мардумӣ Гулбаҳор Назирӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Хуҷанд доир шуд. Гулбаҳор Назирӣ ҳамагонро бо ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, доир ба дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо коргоҳҳои саноатӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва бунёди шаҳраку шаҳрҳои нав ҳарф зад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ доир ба татбиқи  ҳадафҳои стратегии   кишвар дар  даврони Истиқлолияти  давлатӣ, воқеият ва дурнамо сухан карда, зикр намуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар зарфи 27 соли  Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои намоён ва шоиста ноил гардид. Татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини  амнияти озуқаворӣ  аз дастовардҳои муҳими   солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявӣ  қадамҳои муассир мегузорад». Зикр шуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба баъзе мушкилоти ҷомеа кишварамон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Бунёди иншооти муҳим дар кишвар ва ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат шаҳодати ин гуфтаҳост.

Дар охир миёни интихобкунандагон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ саволу ҷавобҳо баргузор гардиданд.