Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ бо иштироки васеъи хонандагону кормандони соҳаи маорифи шаҳр дар назди китобхонаи вилоятиии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳусни оғоз бахшид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни боздид аз растаи фурӯшандагони молҳои полиграфӣ ба фурӯшандагон доир ба дастрасии нарх ва сифати он дастуру супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки набояд дафтару қалам ва хомаи пастсифат бо хонандагон пешниҳод гардида, ба саломатии эшон зарар орад. Сифати молу маҳсулот дар маҳаки асосии фаъолияти фурӯшандагон қарор гирад. Бояд мақомоти назоратии соҳа ба ин масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Аз фурӯши молу маҳсулот бо аксҳои тарғиботи зӯроварию ба фарҳанги мо бегона ҷилавгирӣ карда шавад.

Маъруф Муҳаммадзода ҳангоми шиносоӣ аз растаи либосҳои ватанӣ ба анвои он ва матоъҳои истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид дошт, ки тамоми корхонаҳои шаҳр, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғуланд бояд аз матоъҳои ватанӣ корбурд намоянд.

Раиси шаҳр зимни баромади худ дар назди муҳассилин ва кормандони ҷодаи маориф аз дастоварди соҳа маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ фаъолияти хуб нишон дода, ба гирифтани 31 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Аз он ҷумла, 7 нафар соҳиби медали тилло, 9 нафар медали нуқра, 15 нафар медали биринҷӣ, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси вилоят мебошад. Шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят ҷойи 1-умро ишғол намуд ва ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси ҷумҳурӣ аст.

Ҳамчунин аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2017-2018-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 медалҳои тиллою нуқра, 6 нафарашро муҳассилини шаҳри Хуҷанд, дақиқтараш хатмкунандагони литсейи физикӣ-математикии ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳр аз рӯйи равияи табию риёзӣ ба даст оварда буданд.

Маъруф Муҳаммадзода роҷеъ ба таҳкими пойгоҳи соҳаи маориф гуфт, ки дар давоми шашмоҳаи соли ҷорӣ 9 адад тахтаи электронӣ, компютер 68 адад, 14 адад проектор ва принтер ва мизу курсиҳо харидорӣ карда шуданд.Дар самти амалӣ гаштани Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2018 бояд 153 адад компютер, 9 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва суратҳисоби махсуси муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои харидорӣ намудани 168 адад компютер ва 19 адад тахтаи электронӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст.Компютерҳои мактабҳои шаҳри Хуҷанд ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд.

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки омўзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҳамасола баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кўшишу ғайрат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани Дастурамали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи либоси тавсиявии хонандагони муассисаҳои таълимӣ” иқдомҳои нав ба навро пеш гирифта истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар ниҳоди хонандагон тасмим гирифт, ки ҳар як мактаб дар намуди алоҳида соҳиби либоси мактабии худ гардад. Дар соли хониши бо 12 коргоҳҳои дўзандагии шаҳр шартнома ба имзо расонида шудааст ва ин корхонаҳо муваззаф гардидаанд, ки хонандагони шаҳро бо либоси мактабӣ таъмин намоянд. Ин имкон медиҳад, ки тафовути иҷтимоии байни хонандагонро аз байн барад ва шогирдони мо бо дарки масъулияти баланд собитқадамона дар ҷодаи илму донишомўзӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод дар бораи мақому манзалати баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки устод дар тарбияи маънавии инсон нақши бориз дошта, афкори шогирдро равшану комил ва чашмонашро пурзиё менамояд. Қадри устод аз падар дар пеш аст. Мо бояд дарк намоем, ки зиндагии ояндаи пурсаодати мо аз устод сахт вобаста аст.

Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар пайравӣ ба иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба кўдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд, ба 200 нафар хонандагони шаҳр аз ин қишри ҷомеа сару либоси мактабӣ тақдим намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ дар мавзеъи номбурда 10 рӯз идома меёбад.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд