Дар идомаи сафари корӣ роҳбари дастгоҳи Кумиҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода ва мудири шуъбаи ташкилии кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Бахтиёр Исматҷонов бо ҳамроҳии раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликисломӣ дар маҷлиси ҳисоботӣ - интихобртии ташкилоти ибтидоии “Дилшинос” ширкат варзиданд. Дар рафти ҷаласа Абдураҳмон Хонзода ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ баҳои баланд дода, зикр намуд, ки вазифаи ҳизбиён пеш аз ҳама дар он зуҳур меёбад, ки дастовардҳои давлат ва Ҳукумати кишвар ва ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизбро то ба мардуми одӣ расонад. Дар зеҳну шуури сокинон баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ ва ҳуввияти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб маҳсуб мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҳамбастагӣ бо корхонаву ташкилотҳо куллан дигар карда шавад. Ҳизбиён бояд тӯдакаши ҷомеа бошанд ва бо дастуру ҳидоятҳои созандаашон дар ҷомеа соҳиби мақом ва нуфуз  гарданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис рафти обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбӣ, интихоби ҳайати нави раёсати ташкилоти ибтидоӣ ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар охир якчанд фаъолон бо сипосномаи кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ гардиданд ва шаҳодатномаҳои аъзои нав супорида шуд.