Мувофиқи нақшаи кории моҳонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд, бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва амалӣ санаи 11.04.2022 мудири шуъбаи ҷавонони  кумиҷроияи шаҳрӣ Эҳсон Исоев  аз ташкилотҳои ибтидоии “Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ” дидан намуд.

Зимни азназаргузаронӣ барои саривақт омода намудани санадҳо, танзими ҳаракати аъзо, пардохти саривактии аъзоҳаққӣ, баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ, ҷалби аъзо, таъсиси гӯшаи иттилоотӣ, омода кардани бастаҳои нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки ҳизбиён дар чорабиниҳои фарҳангӣ – сиёсӣ ба раиси ташкилоти ибтидоии муассиса Сатторова Саиднисо дастурҳои мушаххас дода шуд.