Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо ҷавонон нерӯи асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 70 %-и аҳолии кишварамон аз ҷавонон иборат мебошад. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар имрӯз ба рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти ҷавонон диққати махсус дода мешавад. Бинобар ин насли ҷавонро зарур аст, ки бо дарки ин масъала касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амният ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд. Ҷавонони мо бояд аз таъриху фарҳанги куҳанбунёди кишварамон ба хубӣ огаҳ  буда,  барои ободонию пешрафти Ватан ҳиссагузор бошанд.

    Боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи имрӯзаи кишварамон сар задани мушкилот ҳамроҳшавии ҷавонон ба мазҳабу равияҳои бегона мушоҳида мегардад. Дар баробари ин баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои давом додани таҳсил саъю кӯшиш намекунанд ва ё аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, ки ҳамаи ин ба бекор гардидани онҳо ва ба даст задани ҷавонон ба амалҳои номатлуб оварда мерасонад. Бинобар ин яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза ин баланд бардоштани худшиносии миллӣ, маданияти сиёсӣ ва шуури сиёсии ҷавонон аст.

   Ҷавонони моро имрӯз одат шудааст, ки мехоҳанд ба кишварҳои хориҷа сафар намуда, он ҷо зиндагӣ ва кору таҳсил намоянд. Мутахассисони зиёде имрӯз аз кишвари мо дар соҳаҳои гуногуни хориҷи кишвар фаъолият мебаранд. Ва ҳол он, ки мо бояд барои пешбурди соҳаҳо дар ватани худ саъю кӯшиш намоем ва ватани биҳиштосои худро ободу зебо гардонем.

    Аз ҷониби Сарвари давлатамон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ҳамаи шаҳрвандони кишварамонро ба дӯст доштани Ватани биҳиштосоямон, ифтихор аз таъриху фарҳанги кишвар, манзараҳои зебову  сарватҳои нодир, обҳову  растаниҳои шифобахш, кӯҳҳои дилрабо,  ҳифз кардани табиати нотакрори Тоҷикистон ва  арҷгузорӣ ба анъанаҳои наҷиби ниёгон  даъват менамояд.

  Вақте ки Тоҷикистони моро на танҳо сокинонаш, балки меҳмонони аз кунҷу канори сайёра  омадаю аз обу ҳавояш лаззат бурда, бо муҳаббат «Сарзамини биҳиштосо» меноманд, меҳри он дар вуҷудамон дучанд мегардад.

 Ҳамчун донишҷӯёни бахши забонҳои хориҷӣ орзуву ният дорем, ки донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, баҳри ободии Ватан софдилона ва содиқона  хизмат намоем ва дар муаррифии Тоҷикистони азиз ба сайёҳони хориҷию ватанӣ ҳисси ифтихори миллии худро нишон диҳем, зеро ҳар яки мо дар назди Ватан масъул ҳастем.

Моро мебояд ки дар асоси сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат барои шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намоем. Ин лаҳзаҳо мехоҳем суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи қоғаз оварем: « Ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва соҳиби миллат мешуморад, бояд бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинонидани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад. Сангеро аз сари роҳ дур афканад, дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати бечораеро барорад, бо амали шоиста номи худ ва номи миллату Ватанро баланд бардорад».

 

                       Охунова Фотимаҷон

                    Охунова Зӯҳроҷон    донишҷӯёни гурӯҳи 201

                факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии

                          Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров