Шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад. Хусусан, ба тавсеаи зеҳни инсонӣ, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарғиби зебоипарастӣ, омӯзонидани ҳунарҳои нафиса ва инкишофи суннатҳои устувори фарҳангии халқамон аҳамият додан аз рисолатҳои усулии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин, дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифаҳои муҳимми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар барномаи худ ба масъалаи баланд бардоштани мақоми фарҳанг дар ҷомеа, вобаста кардани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба иҷрои вазифаҳои муҳими муайянкардаи давлат дар самти ташаккули шуури ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷаро касб кардааст.

Бо ин мақсад ва ҷиҳати қадршиносӣ намудани устодону омӯзгорони мактаби санъати бачагонаи №4-и шаҳри Хуҷанд ба номи Шарофиддин Сайфиддонов намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мухтор Толибзода ва намояндаи кумиҷроияи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов дар консерти ҳисоботии мактаби мазкур иштирок намуданд.

Пеш аз қадршиносии фаъолон аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагони мактаби санъати №4 консерти ҳисоботӣ намоиш дода шуд ва  аз баромади хонандагон аён гардид, ки воқеан, фарҳанги миллиро онҳо  пос дошта, барои рушди он кушишу ғайрат доранд.

Дар охир якчанд фаъолон бо Сипосномаю ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.