Тибқи нақшаи корӣ ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби гурӯҳи корӣ санҷиши фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин санҷиш аъзоёни гурӯҳи корӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ мулоқот доир намуда, ҳуҷҷатгузориҳои ташкилотҳои ибтидоиро аз назар гузаронида, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ якчанд маслиҳатҳо муфидро ба масъулин пешниҳод карда истодаанд.