Ҷиҳати арҷгузорӣ  ба анъана ва арзишҳои миллӣ, истеъдоди фавқулодда, тарғибу  эҳёи сару либоси миллии занона бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва телевизиони “Диёр”  давраи ниҳоии озмуни телевизионии «Дастони тиллоӣ» баргузор гардид.

Дар озмун тарроҳони машҳури вилояти Суғд ширкат варзиданд. То даври ниҳоӣ озмун 11 зиннаро дар бар гирифта, 15 тарроҳ ҳунару малака ва завқи зебоипарастии худро нишон доданд.  Ба даври ниҳоӣ танҳо 4 нафар роҳҳат гирифтаанд.

 Боиси хурсандист, ки донишҷӯи курси 2- и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистоне дар шаҳри Хуҷанд Бобоҷонова Нигора ҳамаи давраҳои озмунро бомаҳорат гузашта, дар ҷамъбаст соҳиби шоҳҷоиза гардид. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва телевизиони “Диёр” ба Бобоҷонова Нигора як мошинаи дарздӯзии муосир тақдим намуданд.

 Бояд қайд кард, ки дар омоданамоӣ ва пешкаши маҳсули кори Бобоҷонова Нигора саҳми кафедраи дизайн ва меъмории донишкада хеле калон аст. Дар озмун ҳамчунин силсилаи либосҳои тарроҳони ҷавони кафедра Ганҷина Шӯҳратзода, Бобоева Зебо ва Тошхӯҷаева Ануша низ намоиш дода шуд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  барои масъулияти баланд, амалӣ гардонидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсӣ, саҳми арзанда дар баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб бар байни омма, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳбарияти донишкадаро бо сипоснома сарфароз гардонид.