Ҳамасола тамоми ҷаҳон аз санаи 25-ноябр то 10-декабр Маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ»-ро қайд мекунад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст. Соли 1999  Созмони Миллали Муттаҳид 25 ноябрро расман Рӯзи  байналхалқии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, эълон намуд.  Интихоби             10 декабр ҳамчун рӯзи хотимавӣ низ бесабаб нест, зеро ин рӯз – Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст. Зӯроварӣ бошад яке аз омилҳои вайронкунии ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб меравад ва мутаассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин амали нангин дар хонаводаҳо бештар истифода бурда мешавад. Аксаран занон гирифтори хушунат мегарданд. 

 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таи чанд сол аст, ки дар гузаронидани маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ нисбати занон» фаъолона ширкат меварзад.

 Вобаста ба ин дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Оила макони меҳру муҳаббат» баргузор гардид.

Иштирокчиёни мулоқот ба ҷавонон дар бораи омӯзонидани анъана.  фарҳангу одоб ва маърифати оиладорӣ дар оилаи тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба либос ва таомҳои миллӣ, татбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ояндаи ободу осудаи кишвар, амалӣ намудани талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», аз ташхиси тиббӣ гузаштан, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, тарзи ташаккули ҳаёти солим, омӯзонидани одоби муошират, банақшагирии буҷаи оилавӣ, расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, омӯзонидани ҳунари кадбонугӣ ибрози ақида намуданд.

 Дар навбати худ ҷавонон андешаҳояшонро баён намуданд ва ба саволҳояшон посух гирифтанд.