Фурсати деринтизори мардуми тоҷик ва бегумон тамоми ҷаҳон фаро расид. Ҷашни ҷаҳонии 5500 солагии Саразми бостонӣ, ки бо Қарори ЮНЕСКО ҳамчун ҷашни бузургдошти фарҳанги шаҳрдорӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандии тоҷикон, бо назардошти саҳми бузурги миллати мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки намояндагони дипломатии кишварҳои мухталифи хориҷӣ сатҳи баланд ҷараён гирифт. Бегумон бузургдошти 5500 солагии Саразм худ гувоҳи таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба эҳёи мероси маънавӣ ва мақоми таърихии тоҷикон ба шумор меравад, ки самараи он яке аз ташаббусҳои дигари ҷаҳонии сарвари давлатро муаррифӣ намуд. Имрўз натиҷаи ин ибтикор аст, ки ҷаҳониён ба Саразми бостонӣ рў оварда, ба он ҳамчун намунаи қадимтарин суннати шаҳрсозии оламиён ва умуман инсоният муносибат мекунанд. Ҷашни 5500 солагии Саразм, ки қадимтарин суннатҳои фарҳанги шаҳрдорӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандии миллати моро ҳамчун маҳсули тамаддуни ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад, барои ҳар фарди бонангу номус ва ватандўст рўҳу илҳоми тоза мебахшад, то бештару пештар ин Ватану ин миллати созанда ва ин кишвари азизи хешро, ки номаш Тоҷикистон аст, дўст дорад. Ин номаи муҳаббати мо, ки ба гунаи ѓазале бо радифи Саразм ба қалам омадааст, ангеза ва илҳоме аз ин ҷашни бузург ва армуѓоне ба ин ҷашни муқаддаси миллӣ мебошад:

Ин саҳар хуршед дорад қисса аз хони Саразм,
Ғунчаи дилҳо шукуфад дар хиёбони Саразм.

Парчами фахру нишони меҳру ихлоси Ватан,
Мезанад пар- пар дубора аз ниёкони Саразм.

Шаҳриёрӣ,шаҳрдорӣ, фарри фарҳанги дарӣ,
Маънии худ ёфта аз файзи домони Саразм.

Суғдро бахшида фатҳу нусрату озодагӣ,
Ҷомаи зебои миллат бар тану ҷони Саразм.

Давлату дунёи моро тахту бахти нав диҳад,
Ҳикмати оинадори давру даврони Саразм.

Номаҳое аз Девостӣ шарҳи ҳоли дигар аст
Дар китоби ҷовидони родмардони Саразм.

Баъди панҷоҳ асру понсад солу панҷоҳи дигар,
Ифтихори Тоҷикистон шуд зарафшони Саразм.

Ин ғазал ҳоло ба амри дил суруда Нуралӣ
То ситояд бори дигар Тоҷикистони Саразм.


Нуралӣ Нурзод