Дар асоси дустуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи алоҳидаи Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд бахшида ба 70-умин солгарди иди Ғалаба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунанд, аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аёдат карда шуданд ва ба онҳо хӯрокаю кӯмакпулиҳо расонида шуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 22 нафар иштирокчии ҷанг ва як нафар оилаи бесаробонмонда умр ба сар мебаранд. Дар аёдат кардани иштирокчиён ташкилотҳои ибтидоии «Тоҷикстандарт», «Идораи нақлиёти вилояти Суғд», «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд», «Маркази саломатии шаҳрии №4», «Ширкати Барс», «Агроинвестбонк», «Бозори Афросиёб», «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд», «Беморхонаи чашм», «Хуҷандобуканал», «Корхонаи муштараки Ҷавонӣ», «Хуҷандатлас», «Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд», «Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1», «Маркази Эндокринологӣ» ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд саҳми худро расониданд.