Аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Иттиҳод” барпо гардид.

Дар кори он намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мудири бахши умумӣ ва назорат Абдумуталиб Якубов, аъзоёни раёсат ва пешсафони ҳизб иштирок доштанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Роҳат Шодибоева  маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти  ташкилоти ибтидоии “Шифо” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъда пешниҳод кард.

Дар рафти маҷлис яке аз аъзои фаъоли ҳизб ба музокира баромада, якчанд пешниҳоду дарсхостҳо қабул карда шуд, ки он пешниҳодҳо саривақтӣ буда, аз тарафи раёсат низ дастгирӣ гардид ва барои амалишавии  он  дар оянда чораҳои зарурӣ дида мешавад.

Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ба кори худ хотима бахшид.