Аз 10 июни соли 2015 сар карда маъракаи «Обуна-2016» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» оғоз гардида, дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ташкилотҳои ибтидоӣ мувофиқи меъёри муқарраргардида, мактубҳо ирсол карда шуд. Боиси зикр аст, ки ягона воситаи чопию тарғиботии ғояҳои созандаи ҳизб, Барномаи пешазинтихоботии он, инъикоскунандаи фаъолиятҳои ҳизбию сиёсӣ, таҳаввулотҳои дар ташкилотҳои он баамалоянда, ҳамчунин сафарбаркунии мардум барои иқдому ташаббусҳои неки бунёдкорона нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» ба ҳисоб меравад, алалхусус нашрияҳои мазкур дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои ҷумҳурӣ ва вилоят байни мардум аҳамияти махсус дорад. Бо назардошти муҳимияти ин маъракаи сиёсӣ ташкилотҳои ибтидоии «Маркази саратоншиносии вилояти Суғд», «Таваллудхонаи шаҳрӣ», «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд», «Тоҷикстандарт», «Хуҷанобуканал», Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва вакилони халқ Фурқат Мансуров, Шоира Бузурукова, Муяссара Раҳимова, Фазлиддин Шарипов то имрӯз нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро намуданд. Айни ҳол дар миқёси шаҳри Хуҷанд ба рӯзномаи «Минбари халқ» 785 нусха ва ба рӯзномаи «Сухани халқ» 670 нусха обуна карда шудааст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кӯшиш бар он дорад, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи МИҲД-и шаҳр ва ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия дар муддати кӯтоҳ нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро намояд.