7 январи соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  бо мақсади шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коркунони комиссариати ҳарбии вилояти Суғд мулоқот анҷом доданд. Баромадчиён нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Сарвари давлатро шарҳ дода, аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуданд.

Зикр шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла рушди иқтисодии он дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Зеро самти мазкур яке аз масъалаҳои калидии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 мебошад.

Тавре Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ зикр намуданд:  «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст».