Тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Соли 2017 - Соли ҷавонон ва бахшида ба қабул шудани қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" санаи 31 - уми июли соли равон дар мавзеи Сирдарё-и шаҳри Хуҷанд аксияи ҷавонон тавассути заврақҳо баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур варзишгарони мактабҳои варзишии маҳораташ олии вилояти Суғд, мактаби варзишии вилоят ва мактаби варзишии захираҳои олимпии шаҳри Хуҷанд ҷамъ зиёда аз 100 нафар иштирок намуданд.

Мақсади аз баргузории аксияи мазкур ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тоза нигоҳ доштани ин неъмати пурарзиш мебошад.