Тибқи фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 17.09.2015 таьти №56 оиди дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 таҳти №1504, «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аксияи ҳизбӣ аз 1-ум то 10-уми октябр ба нақша гирифта шудааст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақша-чорабинии худ оид ба баргузор намудани аксияи мазкур чорабиниҳоро доир намуда истодааст. Санаи 7-уми октябр бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд аксия таҳти унвони «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов, сардори бахши ташкилии назорати Раёсати агентии мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти Суғд Зарифӣ Дилшод Неъматзода ширкат варзиданд. Нахуст раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва тадбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дарбар мегирад. Сипас, Зарифӣ Дилшод Неъматзода ба сухан баромада, дар бораи фаъолитяи кории Раёсати агентии мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти Суғд ба иштирокчиёни иттилоъ дод. Хамчунин оид ба амалҳои номатлуби коррупсионӣ, ки аз тарафе баъзе шахсон ба амал омадааст бо факту далелҳо баромад намуд. Аз ҷониби ӯ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани чунин амалҳои номатлуб бояд аҳолӣ кӯмаки худро расонда, барои дар оянда пурра бартараф намудани ин амалҳои ношоиста саҳми худро гузоранд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов дар баромади худ зикр намуд, ки Кумиҷроияи вилоятии ҳизб бо мақсади гирифтани пеши роҳи амалҳои номатлуби коррупсионӣ тасмим гирифт, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ, фаъолони ҳизб, собиқадорон, фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дар ҳамкорӣ бо кормандони агентии мубориза бар зидди корупсия дар вилоят аксияи ҳизбиро таҳти унвони «Мубориза бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мо» баргузор намояд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки коррупсия пеш аз ҳама эътибори давлату ҳокимиятро дар назди ҷомеа коҳиш дода, боиси зарари зиёди иқтисодӣ ва пастшавии нуфӯзи давлат дар арсаи байналмиллалӣ мегардад ва бо ҳамин роҳ ба амнияти давлату суботи ҷамъияти тахдиди ҷиддиро ба миён меоварад. Дастгирии ҷамъиятӣ яке аз унсурҳои асосии мубориза бо коррупсия мебошад. Барои ҳамин Стратегияи чорабиниҳои ҷалби ёрии ҷамъиятиро чун қисми таркибии ҳама гуна чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дарбар мегирад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Пешгири ва мубориза бо коррупсия дар оянда низ яке аз самтҳои аввалиндарадаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқи хоҳад монд. Якчанд иштирокчиёни аксия низ фикру андешаҳои худро баён намуданд ва якдилона аз ҷониби иштирокчиён амалҳои номатлуби коррупсионӣ маҳкум карда шуд.