Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳибии «Одилҷон Назаров» бо аъзоёни ҳизб, кормандони Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, суханронӣ намуданд.

Намояндагони кумиҷроия зимни баромади худ қайд намуданд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 23 декабри соли 2022 доир гардид, ҳамчун санади муҳими барномавӣ ифода шуда, сармашқи кори тамоми халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Яқинан Паём муҳимитарин барномаи дорои хусусияти созанда ва ватандӯстиву ватанпарастӣ буда, оғози ҳамагуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода мешавад.