Дар утоқи кории раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ба яке аз ҷавони лаёқатманд, сокини шаҳри Хуҷанд, соҳибкор Абдумавлон Шукуров, ки оид ба дохил шудан ба узвияти ҲХДТ  бо аризаи шахсии худ муроҷиат намуда буд, шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд.

Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар нисбати иштирок дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва саҳм гузоштан дар пешбурди фаъолияти ҳизбӣ ва корҳои назаррас дар ободии кишвар ба аъзои нав барору комёбӣ таманно намуд.