Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба таҷлили соли нави мелодӣ ва тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ятимону бебарасторон ва маъюбон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо тарбиятгирандагони мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд мулоқот доир намуда, кулли омӯзгорон ва бошандагони мактабпарваришгоҳро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуд ва ба тарбиятгирандагони ин боргоҳ тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.