Тибқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Ливои Зафар»-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди Кумитаи маҳаллаи «М.Савр» филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат» намоиш дода шуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ Замира Алиева оғоз гардид ва ӯ миннатдории хешро ба кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба ташкили чорабинӣ баён намуд.
Баъдан, филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат» ба зиёда аз 110 нафар омӯзгорону хонандагон намоиш дода шуд.