Дар маҷлиси навбатии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, ки бо иштироки мудирони шуъбаҳои дастгоҳи кумиҷроия доир шуданд, аз ҷониби  раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Муннавар ҷиҳати тақвиятбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар мавриди пешгирии бемориҳои сироятӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, ки аз дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии ҳизб бармеояд, гуфтугузор шуд.

Зимнан таъкид шуд, ки бояд 6 гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии назди кумиҷроия бо усули кӯча ба кӯча зарурати ба таътил фиристодани мактабиёнро  ба мардум фаҳмонанд. Зеро дар асоси супориши ситоди пешгирӣ аз бемории COVID -19 бояд тамоми муассисаҳои таълимӣ, кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои серодам дезинфексия карда мешаванд. Дастур дода шуд, ки риояи гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, кӯчаву хиёбонҳо рисолати шаҳрвандон бояд бошад, ҳамчунин захираи ниқобҳои ҳимоятӣ, антисептикҳо ва дорувориҳои зидди бемориҳои сироятӣ бар манфиати кор аст.

Ба шуъбаи кор бо ҷавонон супориш дода шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани “Ҳафтаи поси хотир” мутобиқ ба нақша -чорабиниҳои тасдиқгардида корҳои омодагиро вусъат бахшанд.

Ба андешаи раиси кумиҷроия фаъолияти кибердружинаи назди кумиҷроия таҷдиди назар мехоҳад. Зимнан таъкид шуд, ки андешаҳои устодони донишгоҳҳо, ки аъзои фаъоли ҲХДТ мебошанд, дар мавриди посухҳои саривақтӣ ба мақолаҳои иғвоангез мунтазам дар сомона нашр карда шавад.