Тибқи дастури Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии гурӯҳи таблиғотии кумиҷроияи вилоятӣ доир ба фаҳмондадиҳӣ аз натиҷаи сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва ҳамчунин бахшида ба 24 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар толори калони Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” доир гардид.

Вохӯриро ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода оғоз бахшида, меҳмононро шинос намуд.

Гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати Шарипов Аминҷон Абдуғаффорӣ- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Маликисломӣ Наим Мунаввар - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Муинова Матлуба Сайфиддиновна- собиқадори  ҳизб, директори мактаби хусусии “Гулчини маърифат” ва Шарипов Абдуҳаким Шарипович- собиқадори ҳизб, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров оид ба натиҷаҳо аз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳарф заданд.