Шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамҷоягӣ бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза зидди зӯроварӣ дар оила дар хобгоҳи №2-и ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бо иштироки фаъолзани ҳизб, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шуҷоатхон Ҳасанова вохӯрӣ доир намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Шуҷоатхон Ҳасанова доир ба самти пешгирифта бар зидди зӯроварӣ дар оила ва мубориза бо он баромад намуда, ҳадафи баргузории маъракаи иттилоотиро ба иштирокчиён фаҳмонид.

Заррина Манонова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҳамкории гуногунҷабҳаи ҳизбиён ва занони пешқадами шаҳр дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи занону бонувон сухан намуд.

Намояндаи  ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» аз фаъолияти кунунии ташкилот сухан ронда, омили асосии ба хушунат гирифтор шудани хосса занонро аз паст будани сатҳи маърифати мардон, бетарафии аҳли ҷомеа дониста иброз дошт, ки аз ҷониб марказ ба занони гирифтори хушунат ёрии равонию ҳуқуқӣ расонида шуда,  ба онҳо сарпаноҳи муваққатӣ дода мешавад.

Дар ин чорабинӣ аз тарафи донишҷӯдухтарон шеъру сурудҳо, саҳначаҳои тарбиявӣ дар мавзӯи оила намоиш дода шуд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ духтарон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.